Рӯзҳои 30-31 август дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ баргузор гардид.
Тоҷикистонро дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон 18 варзишгар – дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ намуданд.
Рақобатҳо миёни беш аз 200 варзишгар аз 63 кишвари дунё аз рӯи нӯҳ вазн - се вазн миёни занон ва шаш вазн байни мардон сурат гирифт.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 400 ҳазор доллар ташкил дод ва ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар тақдимгардида, барои ҷойи дуюм 10 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 5-ҳазор доллар супурда шуд.
Беҳтарин лаҳзаҳои ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳониро аз видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.