Раҳмон аз оғози “ҷанги сард” ва эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ таъкид кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кард, ки имрӯз ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш ба муносибати Рӯзи Дониш таъкид кард, ки вақтҳои охир ва хусусан, чор – панҷ соли охир дар дунё бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, ки бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон дар шакли мухолифатҳои сиёсиву низомӣ, яроқнокшавии бошитоб ва "ҷанги сард" роҳандозӣ гардидааст, рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст.
Вай гуфт, танҳо дар навори Ғаззаи Фаластин тайи муддати камтар аз як сол беш аз 45 ҳазор одамон кушта шуданд, ки зиёда аз 17 ҳазори онҳоро кӯдакон, яъне онҳое, ки ҳазорон умеду орзу доштанд, бояд дарс мехонданду илму дониш, касбу ҳунар меомӯхтанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешуданд, ташкил медиҳанд.
“Имрӯзҳо мову шумо аз расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки дар дигар нуқтаҳои даргири олам низ ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд”, - таъкид кард ӯ.
Раҳбари кишвар зикр кард, ки дар ин раванд, авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо ба омили дигари хатарзо табдил ёфта, боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи башарӣ гардидааст.
Оғози соли хониш дар Тоҷикистон: Дарсҳои сулҳ дар мактабҳо дар рӯзи якшанбе
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ки ин вазъият дар ҳоле идома дорад, ки сокинони сайёра аз таъсири тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии бесобиқаи ҳаво ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, офатҳои табиӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи молу маҳсулот ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.
“Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки имрӯзҳо баъзе сиёсатмадорон ва доираҳои коршиносӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанги ҳастаӣ сухан меронанд”, - илова кард Раҳмон.
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки дар чунин шароите, ки таърихи инсоният ба давраи ниҳоят ҳассосу пешгӯинашаванда расидааст, барои ҷомеаи башарӣ таҳаммулгароӣ, саъю талош ба хотири ҳифзи сулҳ дар сайёра, гуфтугӯи тамаддунҳо ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва халқҳо ба хотири ҳамзистии осоиштаи мардумони олам аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулҳу субот ва амнияту оромӣ барои ҳар як шахс ва ҳар як оила чӣ қадру манзалат ва арзишу аҳаммият дорад.
“Осори ин ҷанги пурфоҷиа дар иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат то ба ҳол баръало эҳсос ва мушоҳида мегардад”, - гуфт ӯ.