Русия содироти газро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якуним баробар афзоиш дод

Ба гуфтаи ширкати Газпром, Русия ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши энержӣ густариш медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ширикати Газпром дар моҳҳои январ-август ҳаҷми интиқоли газ ба кишварҳои Осиёи Марказиро ду баробар афзоиш дод.
Чунин маълумот дар асоси натоиҷи 8 моҳи соли равон дар ҷаласа аз ҷониби раиси Газпром Алексей Миллер пешниҳод шудааст.
“Мо ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳем, ки ин кишварҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле босуръат рушд доранд”, - гуф ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло интиқоли газ ба Узбеистон дар сатҳи баландтарин қарор дорад.
Оқои Миллер зимни суханронӣ дар бораи Қирғизистон низ қайд кард ва гуфт сатҳи газрасонӣ дар кишвар инду баробар афзоиш ёфтааст ва натиҷаҳои кори даҳсолаи ширкати "Газпром Қирғизистон"-ро "хеле ва хеле хуб" арзёбӣ кард.
Аз нафту газ то боркашонӣ: мулоқоти Раҳмон бо Бердимуҳаммадов
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ният дорад, тавлиди нерӯи “сабз”-ро то ба 100 дарсад расонад. Ҷумҳурӣ ният дорад пурра ба истеҳсоли нерӯи сабз гузарад.
Ҳоло Тоҷикистон 98 дарсади нерӯи барқи худро аз ҳисоби манобеъи обӣ, яъне аз манобеъи барқароршаванда тавлид мекунад.