Се медли тиллову як нуқраи паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳони гӯштингирӣ

Дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ чаҳор варзишгари муваффақи тоҷик барои гирифтани медалҳо вориди майдон шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ чаҳор паҳлавони тоҷик муваффақ шуданд ва соҳиби се медали тилло ва як нуқра гаштанд.
Нахуст паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба Абрек Нагучев аз Русия пирӯз шуда, медали тиллои чемпионатро ба даст овард.
Сипас Масъуди Аҳмадзод дар вазни 71 кг медали тиллоро дар ин Чемпионат насиб шуд.
Дар даври ниҳоӣ паҳлавони тоҷик Масъуди Аҳмадзод варзишгари узбек Дилшод Бӯриевро мағлуб намуда, қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Ҳамчунин як бонуи тоҷик низ дар нахустин Чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ мувақ шуда соҳиби медали нуқра гардид.
Варзишгари тоҷик Шоҳида Қаландарова дар вазни 70кг байни занон барандаи медали нуқра гардид.
Дар даври ниҳоӣ паҳлавондухтари тоҷик Шоҳида Қаландарова бо варзишгарии узбек Гулноза Матниёзова рақобат намуда, аз ин варзишгар мағлуб гардид.
Дар пойтахт бахшида ба рӯзи Истиқлолият мусобиқаи гӯштингирӣ ва аспдавонӣ баргузор мешавад
Дар ахири рӯзи аввал варзишгари дигари тоҷик Шакармамад Мирмамадов соҳиби медали тилло шуд.
Дар даври ниҳоӣ варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов варзишгари узбек Муҳсин Ҳисомиддиновро мағлуб кард.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардида, то 31 август идома меёбад.
Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.
Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллар аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра – 10 ҳазор ва медали биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим мешавад.
Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллар сарфароз гардонида мешаванд.