ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор додаасст, ки чоп кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта) дар қонунгузории кишварҳо ҷинояти вазнин дониста шудааст.
“Мутаассифона, баъзан ашхос ё гурӯҳе кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро ба доми худ андозанд”, - таъкид кардаанд масъулини БМТ.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки имрӯзҳо баъзе ашхос бо истифода аз техникаи муосири нусхабардории ранга кӯшиши сохтани пулҳои қалбакиро мекунанд.
“Сарфи назар аз он ки аксаран банкнотаҳои қалбакӣ сифати паст доранд ва агар аҳаммият диҳем, сохта будани онҳо зуд маълум мешавад, бештар одамони калонсол ва сустбин фирефтаи амалҳои қаллобӣ мегарданд”, - зикр кардааст БМТ.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи пулҳои қалбакӣ ва дигар ҳолатҳо дар сомонаи бонк расмҳои пули миллӣ – сомониро бо шарҳи унсурҳои ҳимоявии он ҷойгир намудааст.
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ низ бо мақсади шинос намудани муштариён бо лавҳаҳо ва намунаи (SPECIMEN) пули миллӣ таъмин гардида, дар сурати пайдо гардидани пулҳои шубҳанок дар муомилот огоҳ карда мешаванд.
Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба ҷой доштани ҳолатҳои истифодаи пулҳои сувенирӣ ё чиптаҳои шухӣ дар муомилот хабарҳо паҳн шудаанд.
“Бо вуҷуди дар чунин чиптаҳо истифода бурдани навиштаҷоти хусусиятҳои (андоза, ранг, тасвирҳо) пули миллии арзиши 100, 200 ва 500 сомонии барориши солҳои 1999 ва 2010, онҳо дорои ягон унсури ҳимоявӣ, аз ҷумла аломати обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, нахҳои ҳимоявӣ, ва ҳимояи инфрасурх намебошанд. Ин гуна чиптаҳо дар принтери ранга нусхабардорӣ шуда, коғази чипта ба корхонаи чопи пул тааллуқ надорад. Аммо, ҳамзамон, ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки дар натиҷаи беаҳаммиятии шаҳрвандон ин чиптаҳо ҳамчун воситаи муомилот истифода мешаванд” – таъкид кардааст БМТ.
Ҳамзамон БМТ қайд кардааст, ки масъулияти нигоҳ доштани сатҳу сифати пули миллӣ, инчунин мубориза бар зидди сохтакории онро дар баробари низоми бонкӣ ҳар як шаҳрванди ватандӯст низ бояд ба уҳда дошта бошад. Зеро эҳтироми пули миллӣ эҳтироми давлату миллат аст.
Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани пайдоиши эҳтимолии пулҳои қалбакӣ БМТ аз ташкилотҳои қарзиву молиявӣ, корхонаю ташкилотҳо, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ даъват кардааст, ки тамоми чораҳои зарурии ташкилӣ, техникӣ ва назоратиро барои гирифтани пеши роҳи ин амали зишт роҳандозӣ намоянд ва аз шаҳрвандон талаб кардааст, ки ҳангоми анҷом додани муомила ба сифату аслияти пули миллӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
БМТ хотиррасон шудааст, ки тибқи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тайёр кардан билетҳои қалбакии Бонки миллӣ, танга ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ сол пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, моддаи 540 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллӣ ё ҳама гуна маҳсулоти нимтайёри ин тасвирҳоро, ки аз рӯйи хусусиятҳояшон (ҳаҷм, ранг, тасвир) дар муомилот мумкин аст ба сифати пулҳои коғазии аслии асъори миллии Тоҷикистон қабул карда шаванд, манъ намуда, барои ашхоси гунаҳкор аз ҳафт то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин намудааст.
БМТ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслияташон шубҳанок ба наздиктарин сохторҳои ВКД, КДАМ ё кормандони мақомоти мазкур, ки дар ҷойи воқеа ҳузур доранд, хабар диҳанд.