Толибон*: Дар тӯли таърих ба дунболи таъомули мусбат бо ҳамсояҳои худ будем

Мақоми вазорати хориҷаи ҳукумати феълии Афғонистон дар симои Толибон* бар сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсоя таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Муовини намояндагии равобити хориҷии вазорати умӯри хориҷаи толибон* Раҳматуллоҳи Файзон ахиран аз кишварҳои минтақа хостааст то сиёсатҳои худро бо ин кишвари бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ ба пеш бибаранд, иттилоъ додааст “Радиои дарӣ”.
“Эҳё ва тақвияти равобит бо ҳамсояҳо увлавияти сиёсати хориҷии ҳукумати сарпарастаст ва толибон* барои доштани равобити нек бо ҷаҳон ба вижаи ҳамсоягони худу тақвияти ин равобит талош кардааст”, - афзуд ӯ.
Вай изҳор кард, ки Афғонистон ҳамвора дар тӯли таърих ба дунболи таъомули мусбат бо ҳамсояҳои худ буда ва ҳеҷ замон бо онҳо дучор гусаст нашудааст .
Файзон дар бахши дайгарӣ аз ин ёддошт таъкид кардааст, ки Афғонистон ба ҳеҷ касе иҷоза надода ва намедиҳад ки аз хоки ин кишвар, ҳамсояҳоро таҳдид кунанд.
Тасмими ҳукумати Толибон* сабаби коҳиши содироти ангишти Тоҷикистон шуд
Ёдовар мешавем, ки мақомҳои толибони пеш аз ин ҳам борҳо дар бораи адами истифодаи хоки Афғонистони алайҳи соири кишварҳо итминон додаанд; аммо шуморе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамчунон дар ин замина нигаронӣ доранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон* дар як паёмаш гуфта буд, ки толибон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон итминон медиҳанд, ба ҳеҷ касе иҷоза нахоҳад дод то бо истифода аз хоки Афғонистон алайҳи ҳамсоя кишварҳояш хатар эъҷод кунад.
*- барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.