ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон ду фурудгоҳи дигарро қабул кард. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд.
Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.
Аз ҷумла, фурудгоҳҳои навоҳии Мӯъминобод ва Ҷалолиддини Балхӣ, ки қаблан дар тавозуни мақомоти маҳаллӣ қарор доштанд, таҳти назорати Вазорати дифоъ қарор гирифтанд.
Ҳоло ин ду фурудгоҳро барқарор кардан лозим аст.
"Вазорати дифои Тоҷикистон бояд аз ҳисоби маблағҳои барои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбарӣ пешбинишуда барқарор ва ба омодагии доимии фурудгоҳҳоро таъмин намояд", - гуфта мешавад дар қарор.
Ҳоло вазорат дар ихтиёри худ 21 бандари ҳавоӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли гузашта ҳукумати кишвар як қароре қабул карда буд, ки бар асоси он 18 фурудгоҳ аз моликияти коммуналии шаҳру навоҳӣ ба ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон гузаштанд.
Тибқи ҳуҷҷатҳо, барқарорсозии тамоми иншоот бо ҳисоби маблағе, ки аз хидмати пулакии ҳарбӣ ҷамъоварӣ мешавад, пешбинӣ шудааст.
Ҳоло арзиши он 72 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.