Беш аз 40 ҳазор тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 40 000 ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаааст.
Дар ин бора зимни Анҷумани ҷавонони таҳсилкунанда дар хориҷи кишвар иттилоъ дода шуд.
Анҷумани мазкур моҳи марти соли 2014 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфт ва ҳамасола баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории анҷуман, пеш аз ҳама, муаррифии имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат барои ҷавонону шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Донишҷӯёни тоҷик дар "Донишгоҳи тобистона"-и Қазон давраи омӯзиш мегузаранд
Ба "Маҳфили ҷавонони дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта" феълан 1500 ҷавони фаъоле, ки дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар 25 намояндагӣ дар Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Нидерландия, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, аъзо мебошанд.
Ба таъкиди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фаъолияти ин маҳфил ба таҳсили ҷавонон дар хориҷа, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо, роҳҳои осон намудани дохилшавӣ ба мактабҳои олии берун аз ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон равона шудааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз ҷониби маҳфил ҳар сол садҳо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию адабӣ ва оммавию варзишӣ барои муаррифии Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ доир карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки кишвари аслии қабулкунандаи донишҷӯёни тоҷикистонӣ Русия мебошад.