Сохтмони 51 долони зиддитармавӣ дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон

Долонҳои зиддитармавӣ бо дарозии 5,2 километр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон сохта мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 51 долони зиддитармавӣ сохта мешавад.
Тавре дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доааст, масъалаҳои марбут ба сохтмони 51 долони зиддитармавӣ бо дарозии 5,2 километр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ дар мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо роҳбари аршади бахши нақлиётии Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Вазири нақлиёти ҶТ Раҳим Бобозода, Директори МД "Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди "Душанбе-Чанок" дар назди Ҳукумати Тоҷикистон Зафар Шарифзода, намояндаи дафтари Душанбеи Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд Далер Шодиев иштирок доштанд.
Вазорати нақлиёт аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ хабар дод
Ёдовар мешавем, ки Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) дорои механизми молиявии минтақавӣ бо ҳаҷми беш аз 9 млрд доллар мебошад.
Он соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҳадафи фонд мусоидат ба суботи иқтисодию молиявӣ дар давлатҳои иштирокчӣ, инчунин дастгирии рушди устувори онҳо мебошад.