ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия дар 7 моҳи соли равон аз 1,1 миллиард доллар гузашт.
Дар ин бора дар гузориши ахири Агентии омори кишвар гуфта шудааст, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон дастрас мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1% афзоиш ёфтааст.
Ин нишондиҳанда барои Русия ва Тоҷикистон рекорд мебошад, зеро дар 7 моҳи соли ҷорӣ кишварҳо ҳамон миқдоре, ки дар 8 моҳи (январ-август) соли гузашта тиҷорат карда буданд карда буданд, додугирифт намудаанд.
Чин аз рӯи ҳаҷми муомилоти мол дар ҷои дуюм аст. Дар моҳҳои январ - июли соли 2024 ин рақам тақрибан як миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25% афзоиш ёфтааст.
Швейтсария шарики асосии содироти Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мувофики маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ дар давоми 7 моҳ 26,6% тамоми махсулоти ба хориҷа фурӯхташуда ба ин кишвар рост меояд.
Ҳаҷми табодули колои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аз моҳи январ то июли соли равон 27% афзуда, аз 5 миллиард доллар гузаштааст.