Зимни ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Қазоқистон Директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки баргузории ин рӯзҳо дар Тоҷикистон барои тамоми дӯстдорони синамо рӯйдоди муҳим ва таърихӣ мебошад.
Вай таъкид кард, ин чорабиниҳо ба таҳкими робитаи филмсозони ду давлат мусоидат намуда, имкони ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаи синамо фароҳам меорад.
Ҳамзамон сардори раёсати кинематографияи Вазорати фарҳанги Қазоқистон Гани Муратов изҳор намуд, ки баргузории Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳаикории судманди синамогарони ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
"Ба ин восита мо аз таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои якдигар бештар огоҳ мешавем, зеро филмҳои таҳиянамудаи ҷонибҳо бештар ба ҳамин мавзуъҳо бахшида шудаанд", — гуфт Гани Муратов.
Дар ин рӯз меҳмонон ва дӯстдорони филмҳои қазоқӣ филми ҳунарии "Шамшери алмосӣ"-ро тамошо карданд.
Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар Тоҷикистон имрӯз низ идома ёфт, ва барои сокинон филми "Амалиёти Набот" ва филми "Дос Мукасан" дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров намоиш дода шуд.
Ҳамчунин ин филмҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ пешкаши сокинон гардонида мешаванд.