Тамдиди муҳлати ҳабси се тоҷики дигар, ки дар ҳамлаи “Крокус” гумонбар дониста мешаванд

Бар асоси қарори додгоҳи Басманний, ҳар се зодаи Тоҷикистон се моҳи дигар - то 22 ноябри соли равон дар ҳабс боқӣ хоҳанд монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Муҳлати ҳабси боз се зодаи Тоҷикистон, ки дар ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар “Крокус Сити Холл” гумонбар дониста мешаванд, тамдид шуд.
"Додгоҳ дархости мақомоти тафтишотиро қонеъ карда, чораи пешгириро нисбати Аминҷон Исроилович Исломов*, Диловар Исроилович Исломов*, Исроил Ибрагимович Исломов* дар намуди ҳабс ба муҳлати 3 моҳ тамдид кард", - хабар медиҳад дафтари матбуоти додгоҳи Басманный.
Мушаххас шудааст, ки ҳар се зодаи Тоҷикистон то 22 ноябри соли 2024 дар ҳабс боқӣ хоҳанд монд.
Тамдиди муҳлати боздошти боз чор тан, ки дар ҳамла ба Крокус гумонбар мешаванд
Илова бар ин, додгоҳ муҳлати ҳабси зодаи Қирғизистон Қосимов Алишер Хатамовичро ба ҳамин мӯҳлат тамдид кард.
Қаблан додгоҳ нисбати зодаи Тоҷикистон Далерҷон Мирзоев*, Муродалӣ Рачабализода*, Муҳаммадсобир Файзов* ва Шамсиддин Фаридун*, ки омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокус мебошанд, ҳамин гуна ҳукм содир карда буд. Мухлати ҷазо нисбати Лутфуллои Назримад*, Курбонов Ҷумъахон Бегиҷонович*, Юсуфзода Ёқубҷонӣ Давлатхон*, Шарифзода Мухаммадзур*, ки ба даст доштан дар куштор айбдор мешаванд, дароз карда шуд.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Иттиҳоми нав дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
*-ба феҳристи террористон ва экстремистҳои Росфинмониторинг ворид карда шудааст