Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда чемпионати лоу-кикро баргузор кард.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин чорабинии мазкур беҳтарин лаҳзаҳоро ба навор гирифтааст, ки пешкаши шумо мекунем.
Мусобиқаи нави машҳур оид ба LowKick Championship 18 август таҳти сарпарастии Федератсияи киокушинии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар мусобиқа варзишкорони риштаи каратэ, кикбокс ва намояндагони муай-тай ширкат варзиданд.
Дар доираи чемпионат варзишгарон қувваи ҳамдигарро бо зарбаҳо санҷиданд
LowKick дар санъати ҳарбӣ як навъи зарба ба қисми поёни бадан (рон ё шин) аст.Дар ин навъ варзиш ҳамеша ба пойҳои рақиб зарба зада мешавад. Дар натиҷаи зарба рақиб на танҳо дардро эҳсос мекунад, балки метавонад аз идораи пойҳояшро аз даст диҳад ва боиси суст шудани суръаташ гардад.
Дар баробари ин, коршиносон қайд мекунанд, ки бар асари зарбаҳои пайдарпайи қавӣ эҳтимоли шикаcтани устухони пой, ва осеби сахт дидани буғуму мушакҳо мавҷуд аст.