Дар ИИАО 90% додугирифт бо асъорҳои миллӣ анҷом дода мешаванд

Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ки дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 90% додугирифт бо асъорҳои миллӣ сурат мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Микаэл Агасандян, мудири департаменти аввали кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақрибан 90% пардохтҳо дар тиҷорат ҳоло бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд.
"Агар дар бораи омори истифодабарии асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила гӯем, пас ин нишондиҳанда тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳад", - қайд кард ӯ.
Агасандян таъкид кард, ки кишварҳои узви ИИАО зарурати коҳиши хатарҳои истифодаи абзорҳои молии ғарбиро дарк мекунанд.
Мудири Департамент ВУХ-и Русия қайд кард, ки ин воситаҳо ба фишори сиёсӣ табдил меёбанд.
ИИАО таъсиси минтақаи тиҷорати озод бо кишварҳои сеюмро баррасӣ мекунад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади пардохтҳо дар ИИАО бо пули миллӣ сурат мегиранд.
"Ҳаҷми савдои мутақобила миёни кишварҳои ИИАО аз 45 миллиард доллар ба 89 миллиард доллар расид, беш аз 90% ҳисоббаробаркуниҳо аллакай бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд", - гуфт Путин.
Президенти Русия маълумотеро овард, ки тибқи он маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИИАО, тибқи ҳисобҳои мавҷуда, аз 1,6 трлн доллар ба 2,5 трлн доллар ва гардиши мол бо кишварҳои сеюм 60% афзуда, аз 579 млрд доллар ба 923 млрд доллар афзоиш ёфтааст.