ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, то 117,8 сомонӣ барои 1000 рубл расид.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 119,1 ва дар оғози сол то 123 сомонӣ қимат дошт.
Қурби доллар чанд рӯз боз тамоюли болоравиро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро метавон ба 10,6600 сомонӣ ва ҳоло 10,6628 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.7664 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 11.7185 сомонӣ қимат дошт.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.