ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи бошукуҳи байналмилалӣ мегардад.
Қарор аст, ки дар ин ҷо аввалин Чемпионати Ҷаҳон оид ба куштини миллӣ "Куштингирӣ" доир мегардад.
Бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин Чемпионати Ҷаҳон оид ба куштини миллӣ рӯзҳои 30-31-уми август баргузор мегардад.
Бар асоси иттилои дастандарткорони чорабинӣ, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.
Тибқи оинномаи мусобиқа ҳоло рақобатҳо дар 9 категорияи вазнҳо - 3 категория барои занон ва 6 категория барои мардон баргузор мегардад.
Фонди ҷоизавии мусобиқа бошад, 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки миёни барандагон тақсим хоҳад шуд.