ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон қарор аст, ки сар аз аввали соли хониш раванди ҳозиршавии хонандагони макотиб ба дарсро кормандони пулис низ назорат кунанд.
Дар ин бора Абдураҳмонзода Аламшо, муовини вазири корҳои дохилӣ хабар дода гуфт, ки чунин кор дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илм сурат мегирад.
Ӯ афзуд, ки ҳадаф аз ин иқдом, пешгирии дур мондани ноболиғон аз таълими ҳатмӣ аз ҷониби волидон, масъалаи пайваста ба дарс омадани хонандагон ва омӯзгорони макотиби миёна буда, дар ин раванд санҷишҳо доир мешавад.
Абдураҳмонзода гуфт, ки дар сурати ошкор намудани чунин қонуншиканиҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.
Ба таъкиди вай, раванди як санҷиши чанд ниҳод рафти иҷроиши Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи варзанд ва дигар қонунҳо нишон дод, ки иҷроиши он ва сатҳу сифати таълм дар баъзе муассисаҳо ва раванди корҳои тарғиботӣ беҳбудиро талаб мекунад.
Тибқи гузориши муовини вазир дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ, нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ 29 ҳазор парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол дар Додситонии кулли кишвар гуфтанд, ки дар ин муддар барои нақзи Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 3089 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳамзамон Юсуф Раҳмон, додситони куллӣ Тоҷикистон таъкид кард, ки тайи ним соли гузашта, 138 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ва 230 таълимоти ғайриқонунии динӣ бо ҷалби 329 нафар (177 нафар ноболиғон) ошкор ва чораандешӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки то марти соли равон таълими ҳатмӣ то синфи нуҳум ва ё зинаи дуввум буд, аммо бар асоси тағйирот зинаи сеюм низ ҳатмӣ гардид.
Ҳамин тариқ дигар хонандагон наметавонанд, пас аз зинаи дуюми таҳсил пурра фориғ аз таълим шаванд, онҳоро зарур аст, ки таҳсилро дар макотиби миёна ва ё муассисаҳои миёнаи касбӣ идома диҳанд.