Нигаронии Раҳмон аз обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб, таҳти унвони "Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор гуфт, ки тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад.
Вай таъкид кард, ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккул ёфтани то шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.
“Маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамаҷониба ёфт”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.
То соли 2032 Тоҷикистон 100% барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад
Дар асоси қатъномаи мазкур, Тоҷикистон дар соли 2025 аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамтоёни худро барои иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба Тоҷикистон даъват кард.
Ин дар ҳолест, ки кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ҷумҳурӣ ҳам, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза мебошад, ба мушкилоти марбут ба об таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Вай илова кард, ки мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати Тоҷикистон муайян гардидааст.