ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран дар як маҳфил табибонро бо иди касбиашон табрик кард ва гуфт аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40% зиёд карда шуд.
Вай қайд кард, ки ин иқдом ба фаъоляти босамари кормандони соҳа мусоидат мекунад.
Аҳмадзода ҳамчунин қайд кард, ки дар муассисаҳои тиббии вилоят 5083 нафар табиб, 17579 нафар корманди миёнаи тиб ва садҳо нафар кормандони ёрирасон ба мардуми вилоят содиқона хизмат мерасонанд.
Аз онҳо 7 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 35 нафар дорандаи медали "Шафқат", 640 нафар дорандаи нишони "Аълочии тандурустии Тоҷикистон", 6 нафар доктори илмҳои тиб, 75 нафар номзади илмҳои тиб буда, 2652 нафар табиб соҳиби дараҷаҳои мухталифи ихтисосӣ мебошанд.
Инчунин оқои Аҳмадзода таъкид кард, ки ба сохтмону навсозии иншооти соҳа низ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Тибқи нақша соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 132 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони 27 адад ва таъмири 105 шуъбаву муассисаҳои табобатӣ, беморхона, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар дошта шудааст.