ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ним соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар Арманистон – 2,1%, Қирғизистон – 44,5%, Қазоқистон ва Беларус – 8,6%, Русия – 3,9% мушоҳида шудааст.
Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.
Маълумоти муфассалтари оморӣ дар саҳифаи Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бахши “Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО” оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.