ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳамлаи артиши Украина ба минтақаи Курск бо ширкати Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва хадамотҳои кашшофии кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шуда буд ва он дар пайи эҳсоси наздикшавии суқути режими Киев сурат гирифт.
Дар ин бора ёвари президенти Русия Николай Патрушев хабар дод.
Вай таъкид кард, ки маҳз Ғарб "хунтаи ҷиноиро ба сари қудрат дар Украина гузоштааст" ва кишварҳои узви паймон ин кишварро бо силоҳ "таъмин кардаанд" ва ҳамчунин маълумоти кашшофиро ба Киев медиҳанд ва амалкарди онро назорат мекунанд.
Оқои Патрушев дар мусоҳиба бо хабаргузории "Известия" гуфтааст, амалиёт дар вилояти Курск низ бо ширкати НАТО ва хадамоти иктишофии кишварҳои Ғарб тарҳрезӣ шуда буд.
Ёвари раҳбари Русия таъкид кард, ки ин амали ҷиноӣ дар ҳолате сурат мегирад, ки кишварҳои Ғарб аз суқути режими нозии Киев огоҳ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои Украина аз 6 август ба вилояти Курск ҳамла доранд. Артиши Русия нерӯҳои украиниро дар манотиқи марзӣ боздошт ва аз убури амиқтар ба қаламрави кишвар ҷилавгирӣ доранд. Кумитаи тафтишот хабар дод, ки артиши Украина аз силоҳҳои НАТО дар минтақаи Курск фаъолона истифода мебаранд.
Вазорати дифоъ рӯзи 15 август хабар дод, ки талафоти душман то 2640 нафар ва садҳо техникаи ҷангиро ташкил медиҳад.