Эрон аз озодии 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз гаравгони як банда дар Теҳрон хабар дод

Эрон ҷузъиёти амалиёти озодсозии 4 тан аз атбои Тоҷикистон, ки тавассути аъзои як бандаи байналмилалии қочоқи инсон ба гаравгони гирифта шуда буданд нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15авг — Sputnik. Пулиси Теҳрон бо судури як иттилоия, эълом кард, ки пас аз иттилоъ аз вуқуъи гаравгонгирӣ чаҳор шаҳрванди хориҷӣ, билофосила иқдомоти пайгирӣ анҷом шуд.
Манбаъ хабар дод, ки дар кутоҳтарин замон, маҳали гаравгонгирон шиносоӣ шуд ва тайи як даргирӣ, се нафар аз гаравгонгирҳо, ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.
“Гаравгонҳо низ саҳеҳу солим озод шуданд”, - қайд кардааст пулиси Теҳрон.
Сардор Алӣ Валипур Гударзӣ дар ташреҳи ҷузъиёти ин хабар гуфт, ки чаҳор шаҳрванди тоҷикистонӣ дар ибтидо ба сурати қонунии вориди Эрон шуда аммо дар идома қасд доштанд то бо истифода аз қочоқчиёни инсонӣ худро ба кишварҳои аврупоӣ ниҳоятан Амрико бирасонанд.
“Аммо пас аз вуруд ба Теҳрон, тавассути қочоқчиёни инсони рабуда шуда ва қочоқчиён барои озодии онҳо 10 миллиард тӯмон талаб намуданд”, - гуфт Алӣ Валипур.
Вай идома дод, ки полиси Теҳрон махфигоҳи қочоқчиёну маҳали нигаҳдории афроди рабӯдшударо дар яке шаҳристонҳои устони Теҳрон шиносоӣ карда ва пас аз ахзи муҷаввизҳои қазоӣ тайи як амалиёти ғофилгирона ба маҳали нигаҳдории ин чаҳор шаҳрванди хориҷии рабудашуда рафта ва ононро озод карданд.
Равуои бемамоният миёни Тоҷикистону Эрон: Низоми бераводид ба кор медарояд
Раиси полиси Теҳрон бо баёни инки дар замони иҷрои амалиёти озодӣ, ҳар чаҳор табаъаи хориҷии гаравгон гирифташуда бидуни ҳаргуна осебе наҷот пайдо карданд, гуфт дар идома панҷ нафар аз қочоқчиёни инсон ҳам, ки дорои тобеъияти ғайр Эронӣ буданд, дастгир шуданд.
Зимни дастгирии дастгирӣ се нафар аз онҳо ки бо таҳдиди силаҳи сарди қасд ба хатар андохтани ҷони гаравгонҳоро доштанд, мавриди ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.