ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзуи “Вокуниш ба маводи иғвоангез дар ВАО” ҳамоиш доир гардид.
Дар кори он муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода масъалаи маҳдудияти занҳо барои рафтани масҷидро тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи вай Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ ба мардону занон ҳуқуқҳои баробар фароҳам овардааст ва аз тарафи мақомоти ваколатдор ягон хел маҳдудият пешбинӣ нагардидааст.
“Масъалаи ба масҷид нарафтани занҳо ҷанбаи динию мазҳабӣ дошта, аз лиҳози қонун дар ин самт ҳеҷ гуна маҳдудият мавҷуд нест”, - гуфт ӯ.
Вай таъкид карлд, ки масъалаи ба масҷид нарафтани занҳо танҳо ба пайравони мазҳаби ҳанафии дини ислом дахл дорад, на ин ки ба ҳамаи занҳо.
“Чунки занҳои дигар, аз ҷумла пайравони равияҳои католикӣ, баптистӣ, православӣ, кришнаӣ, баҳоӣ ва монанди инҳо озодона маросимҳои динии худро дар иттиҳодияҳои динӣ адо карда истодаанд”,- қайд кард Шарифзода.
Вай илова кард, ки занҳои пайравони равияи шиаи имомии исмоилии дини ислом, ки онҳо ҳам мусулмонанд, ба ҷамоатхонаҳо мераванд ва бидуни маҳдудият тоату ибодат мекунанд.