ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошти беш аз 20 узви гуруҳи террористии ДОИШ* дар рӯзҳои наврӯзии соли равонро таъйид кард.
Зоҳиран онҳо дар ҳамнавоӣ бо ҳамла ба Крокус Сити Ҳолли шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия мехостанд дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон низ як амали террористӣ барои барҳам задани руҳияи идона ва равони мардуми кишвар анҷом диҳанд.
Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳақиқат мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз як амали террористӣ, ки қарор буд бо роҳи заҳролудкунӣ одамонро дар рӯзҳои наврӯзӣ нобуд кунанд, пешгирӣ карданд.
“Зиёда аз 20 нафар аъзои ташкилоти террористии ДОИШ* дастгир карда шуданд. Айни ҳол парвандаи ҷиноӣ дар баррасии судӣ қарор дорад. Алоқаи онҳо бо дигар ташкилошҳои террористӣ дар тафтишот ҳамаҷониба баррасӣ шуд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Овозаи тарҳи чунин як амали террористӣ ва боздошти даҳҳо нафар дар робита ба он дар ҳамон шабу рӯзҳо дар Тоҷикистон пайдо шуда буд, аммо он ҳама дар буҳбуҳаи илтиҳоби ҷаҳонӣ дар робита ба ҳамлаи террористии ДОИШ* дар Крокус Сити Ҳолли ҳумаи шаҳри Маскав гум шуд.
Он замон манобеъи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ ҳудуди 35 тан ба иттиҳоми қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар шарҳру навоҳии Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Душанбе ва дигар манотиқ боздошт шудаанд.
Бино ба иттилоъи онҳо, террористони ДОИШ* қасд доштанд ба маъракаи наврӯзӣ, ки 21 март бояд дар варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд, роҳ ёфта, ба дегҳо ва самоворҳо заҳр андозанд.
“Нақшаашон ин буда, ки то омадани мардум вориди варзишгоҳ шаванд ва дастандаркоронро фирефта, кори худро кунанд. Заҳрашон кушанда будааст. Қаблан террористон онро дар як саг санҷида буданд. Саг баробари хӯрдани заҳр тақрибан даҳ дақиқа пас ба ҳалокат расидааст”, - гуфтанд манобеъ.
Ба қавли онҳо, террористҳо мехостанд, ки мардумро заҳролуд карда, даҳҳо нафарро ба ҳалокат расонанд ва бо ин кори худ ҳам иди Наврӯзро барҳам зананд ва ҳам руҳияву равони мардуми кишварро хароб кунанд.
“Бояд аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар миннатдор бошем, ки тавонистанд саривақт ин тарҳи хунинро фош ва хунсо кунанд. Онҳо воқеан як қаҳрамонӣ карданд, вагарна як “Крокус” – и дигар дар Ваҳдат барпо мешуд”, - гуфтанд манобеъ.
Дар ин бора, ки ин афрод чӣ гуна фошу дар куҷо боздошт шудаанд, манобеъ ба хотири ошкор накардани шеваву усулҳои кори оперативӣ ва боздошти террористон маълумот надоданд.
Таъйиди хабари боздошти аъзои ДОИШ* аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба вуҷуди чолишҳои террористӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки фазои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ рангу оҳанги дигар медиҳад.
Қабл аз ҳама ин суол пеш меояд, ки бо назардошти ҳамлаи террористии 22 март дар Крокус Сити Ҳоли шаҳри Красногорски вилояти Маскав оё тарҳи амали террористӣ дар Ваҳдат метавонад ҷузъе аз барномаи бузургтари гуруҳи террористии ДОИШ* дар фазои собиқ Шӯравӣ бошад?
Ин суол дар ҳамон шабу рӯзи вуқӯъи ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Ҳол низ пеш омада буд, аммо ба ин далел, ки тарҳи амали террористӣ дар Ваҳдат хунсо, аммо аз сӯи мақомот фош нашуд, муаллақ монда буд.
Прокурори генералии Тоҷикистон таъйид кард, ки мақомоти зидахли кишвар дар таҳқиқи қазияи “Крокус” бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератифи Русия ҳамкории зич доранд.
“Дархостҳои байнулмилалии онҳо оид ба парвандаи ҷиноии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити” – и Маскав дастраси мо шуд. Мо дар вақти муқарраршуда онҳоро баррасӣ карда, ҷавобҳои дахлдорро таҳия ва ба ҷониби Русия ирсол намудем”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Аммо ӯ ба вуҷуди иртибот миёни иттифоқоти Ваҳдату Красногорск ҳеҷ ишорае накард.
Мавсуф ҳамчунин вазоҳат надод, ки гуруҳи террористони боздоштшуда дар робита бо тарҳи амали террористӣ дар Ваҳдат бо кадом созмони террористии дигар алоқа доштанд.
Гоҳо мақомоти расмӣ ба хотири назокатҳои дипломатӣ ва ҳамсоядорӣ аз бурдани номи кишварҳо ва ҳам созмонҳо худдорӣ мекунанд, аммо дар гузашта Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти федероли Русия (ФСБ) ба сароҳат эътироф карда буд, ки ҳамлаи террористии “Крокус” дар марзҳои Покистону Афғонистон бо супориши Идораи кашфи низомии Украина (СБУ) ва аз сӯи ДОИШ*-и Афғонистон ба ҳадафи хароб кардани равобит миёни кишварҳои ИДМ тарҳрезӣ, сармоягузорӣ ва иҷро шуда буд.
Коршиносон мегӯянд, бо назардошти ин изҳороту ишораҳои расмӣ мешавад ба ин хулоса расид, ки ДОИШ*-и Афғонистон ё ДОИШ*-Вилояти Хуросон пушти тамоми амалиёти террористие истодааст, ки дар кишварҳои давру бар иттифоқ меафтад ва дар иҷрои ин ҳамлаҳо ағлаб шаҳрвандони Тоҷикистонро истифода мекунад.
Қабл аз Русия тайи 10 моҳи ахир дар масҷиде дар Шероз, оромгоҳи Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Қазвини Эрон ва ҳам меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул доишиёни тоҷикистонӣ низ ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта буданд.
Ва ин ҷо суоли дигар халқ мешавад, ки чаро дар ин ҳамлаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони авомил ё иҷрогарони ДОИШ* ширкат карданд ё мавриди истифода қарор гирифтанд?
Амруллоҳ Солеҳ, собиқ раиси Раёсати амнияти миллӣ ва муовини раисҷумҳури Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар Афғонистон ду ДОИШ* вуҷуд дорад, ки ҳарду таҳти контроли Толибон** ҳастанд.
“Яке ДОИШ-е, ки дар марзи Покистону Афғонистон аст ва дигаре, ДОИШ-е, ки раёсати истихбороти Толибон** барои аҳдофи худ истифода мекунад. Ҳоло бояд маълум кард, ки кадоме аз онҳо дар ҳамлаи террористии “Крокус” истифода шудааст”, - гуфт Амруллоҳ Солеҳ.
Аз сӯи дигар, коршиносон бо ишора ба эътирофи раиси Хадамоти амнияти федероли Русия, ки бовар дорад, ДОИШ*-и ҳозир дар марзи Афғонистону Покистон ин ҳамларо анҷом дода, мегӯянд, нуктаи дигари муҳим дар суханони ӯ ин аст, ки ин ҳамла барои хароб кардани равобити кишварҳои ИДМ аст ва ҷолиб аст, ки оё ДОИШ* аз ин суд мебарад, ё Толибон*.
Аҳдофи истифодаи тоҷикистониҳо дар аъмоли террористӣ чист?
Ба қавли Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси умури минтақа, ҳамлаҳои террористӣ ва истифодаи тоҷикистониҳо дар онҳо як барномаи бузурги Амрико, Инглис ва Толибон** барои тахриб кардани равобити Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсташ – Эрон, Русия ва Чин буд.
“Дар ҳамон шабу рӯз тамоми расонаҳои Амрикову Инглис амдан ин мавзуъро бузург карданд, то Тоҷикистонро як кишвари хостгоҳу пойгоҳи ДОИШ* ба намоиш гузоранд. Ҳадафи дигар зарба задан ба кишварҳои мухолифи Амрико тариқи ДОИШ* буд. Яъне ин барномаи чандбуъдӣ буд, ки ҳоло мебинем, то ҷое ба ҳадаф расид ва Амрико ва муттаҳидонаш аз он даст нахоҳанд бардошт”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Он замон мақомоти Толибон**, аз ҷумла Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифоъи Толибон, Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо истихбороти Ғарбу Покистон, ки ДОИШ*-ро ба Русияву Эрон мефиристанд, муттаҳам карда буд.
Ҳол таъйиди хабари тарҳи ДОИШ* дар Ваҳдат ба вазъи воқеии талошҳои ин гуруҳи террористӣ барои эҷод кардани ваҳшату ҳарос дар худи Тоҷикистон низ равшанӣ меандозад.
Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳамлаи 5 январи соли равон ба Сайидалӣ Сайвализода, раиси созмони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро ҳамлаи террористӣ унвон кард, ки дар пайи он беш аз 10 нафар боздошт шуданд ва бархе манобеъ онҳоро аъзои ДОИШ* унвон карда буданд.
Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, тайи нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар аз се амали террористӣ ҷилавгирӣ шуда, ду қасди иҷрои амали террористӣ хунсо шудааст, ки яке ҳам ҳамин мавриди Ваҳдат аст.
Дар ин давра 582 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ ошкор, 226 аъзои гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва 220 нафаре, ки аз рӯи моддаҳои 307 - “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 401 – “зархаридӣ” таҳти пайгард қарор доштанд, ихтиёрӣ ба ватан баргардонида шудааст.
Дар ин миён 95 мавриди сармоягузории ҷиноятҳои террористӣ сабт гардидааст ва дар 43 мавриди он, ки ба вазорати мазкур рост меояд, 39 нафар боздошт ва маблағи 500 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст.
Коршиносон мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон аз кашондани баҳсу тафсилоти ҷиноёти марбут ба терроризм ба сафҳаи расонаҳо худдорӣ мекунанд, чун ин худ як гуна эҷоди ваҳму ҳарос дар ҷомиа хоҳад буд ва ин таҷриба ба бақия кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия, низ густариш ёфтааст.
*"Давлати исломӣ" (ДОИШ ё ДОИШ) дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.
**Ин созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.