ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Шоми 10 август охирин намояндагони Тоҷикистон барои дарёфти медал вориди сабқат шуданд, аммо бохтанд.
Ҳамин тариқ Виктор Рассадин, паҳлавони тоҷик дар даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ барои медали биринҷӣ бо Чермен Валиеви албанӣ сабқат кард, аммо бохт.
Ӯ зери вазни 74 кило аз намуди куштии озод баромад карда, қаблан дар марҳилаи нимниҳоӣ аз ҳарифи ӯзбекистонияш шикаст хӯрда, шонси ба финал рафтанро аз даст дода буд.
Ҳамзамон Мунира Абдусаломова, ки дар марҳилаи тасаллобахш барои медали биринҷӣ сабқат кард, аз рақиби олмонияш шикаст хӯрд.
Вай зери вазни 67 кило дар аввалин рақобаташ аз намояндаи Фаронса Алтея Лорени шикаст хӯрд, аммо пас аз ба финал рафтани рақибаш ӯ имкони идомаи мубориза дар марҳилаи тасаллобахшро ба даст овард.
Ҳамин тариқ ҳайати кишвар дар мусобиқа се биринҷӣ дорад, ки дутои онро Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов аз риштаи ҷудо ва Давлат Болтаев аз намуди бокс ба даст оварданд.
Дар умум кишварро 14 варзишкор намояндагӣ каданд, ки 11 тан аз онҳо баромадҳои худро бе натиҷа анҷом доданд.
Маврид ба зикр аст, ки барои ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар Тоҷикистон аллакай мукофотҳо эълон шудааст.
Ҳамин тариқ аз номи раисҷумҳури кишвар барои медали тило 300 ҳазор сомонӣ ва барои нуқраву биринҷӣ муттаносибан 250 ва 200 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Илова бар ин нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.
Ҳамчунин Кумитаи ҷавонон ва варзиш ахиран эълон кард, ки ғолиби ҷойи аввал бо 20 ҳазор доллар.