ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар пойтахти Қазоқистон ҷаласаи дуюми вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти VI машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба имкониятҳои густариши ҳамкорӣ ва коркарди модели ягонаи рушди логистика ва шабакаи нақлиётӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
“Тоҷикистон ба масъалаи рушди хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар миқёси минтақа низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад”, қайд кард ӯ.
Вазири тоҷик зикр кард, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти қаблии машваратии сарони давлатҳои минтақа дар Душанбе моҳи сентябри соли гузашта пешниҳод карда буд, ки консепсияи марказҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ таҳия гардад.
Азим Иброҳим изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ҷаласаи кунунии вазирони нақлиёти минтақа ба ин мусоидат хоҳанд намуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дуюми вазирони нақлиёт Протоколи ҷамъбастӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба рушд ва ҳамгироии марказҳои логистикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 2-юми вазирони нақлиёти минтақа дар доираи Мулоқоти VI машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 9 август дар Остона бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон баргузор мешавад, доир гардид.
Ҳамчунин сарони давлатҳо дар Остона инчунин дар ҳамоиши роҳбарони кишварҳои муколамаи "Осиёи Марказӣ – Ҷопон" иштирок мекунанд.