Назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират дар Русия, аз ҷумла ҷорӣ кардани низоми нави муҳоҷират барои ихроҷ пурзӯр карда мешавад. Чунин тадбирҳоро парлумони Русия тасдиқ кард.
Ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқ Дмитрий Ярошенко бар он аст, ки дар сурати пайвастан ба ИИАО Тоҷикистон барои муҳоҷиронаш аз имтиёзҳои ин созмон бархурдор мешавад
Вай таъкид кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИИАО аз гирифтани патент озод мешаванд, яъне дигар хароҷоти иловагии пардохти андоз аз даромади патент аз муҳоҷирони меҳнатӣ талаб нахоҳад шуд.
“Онҳоро лозим намеояд, ки дар давоми ду моҳ дар доираи патенти ба қайд гирифташуда огоҳиномаи нолозимро пешниҳод кунанд. Яъне он иловаҳое, ки аз аввали соли ҷорӣ амал мекунанд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки мутаносибан, ин муқаррарот дар доираи ИИАО татбиқ намегардад. Ва ҳаминро ҳам қайд кунем, ки худи соддагӣ, тартиби соддашудаи бақайдгирии муносибатҳои меҳнатӣ, ба фикрам, барои он кишварҳое, ки аллакай ба ИИАО шомил шудаанд, ҷиҳати мусбӣ аст.
“Агар Тоҷикистон ин созишномаро имзо кунад, пас ҳамаи ин муқаррарот ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ дахл хоҳанд дошт”, - таъкид кард коршинос.
Оқои Ярошенко илова кард, ки ҳамчунин барои муҳоҷирони меҳнатӣ имкониятҳои иловагӣ имконпазир мешавад, ки тартиби гирифтани сабти иқомат дар Русия каме осон мешавад, яъне иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ, мақоми будубоши муваққатӣ мисли шаҳрвандони Қазоқистон татбиқ мегардад.