“Дертар”: Ҳалқаи энержӣ мушкили барқро ҳал мекунад?

“Барқи тоҷик” ба пайвастани Тоҷикистон ба Низоми ягона ё “ҳалқаи энергетикӣ”-и Осиёи Марказӣ хушбин аст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 август — Sputnik. Сокинони кишвар ба ин умеданд, ки бо ин иқдом ниҳоят мушкили бебарқӣ дар кишвар хотима хоҳад ёфт.
Абдулло Қурбонзода, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, гуфт, бозгашти Тоҷикистон ба Низоми ягонаи Осиёи Марказӣ як таҳаввули мусбат дар иқтисоди Тоҷикистон аст.
“Қабл аз ҳама бо пайвастан ба шабакаҳои барқи Осиёи Марказӣ низоми энергетикии мо устувор мешавад. Садамаҳое, ки дар низом ҳар рӯз иттифоқ меафтанд, коҳиш меёбад. Басомад ё сифати барқ ҷои худро мегирад, ки дар чунин ҳол садамаҳо кам рух медиҳанд. Ҳамчунин талафоти барқ коҳиш меёбад ва эътимоднокии он меафзояд”, - гуфт Абдулло Қурбонзода.
Низоми энергетикии Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ ба танҳоӣ фаъолият мекард ва амалан дар инзиво қарор дошт. Ба қавли масъулини “Барқи тоҷик”, ин вазъ ҳам ба зарари низоми энергетикии Тоҷикистон ва ҳам ба зарари низоми энергетикии кишварҳои ҳамсоя тамом мешуд.
Панҷ соли қабл Лоиҳаи пайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ бо сармоягузории хориҷӣ рӯи даст гирифта шуд, ки саранҷом 7 ба 9 июни соли равон бо пайвастани низоми энергетикии Тоҷикистон бо як хати барқи байнидавлатии 500 кВт ва ду хати барқи 220 кВт тариқи зергистгоҳи барқии “Регар – 500” ба шабакаҳои барқи Ӯзбекистон хотима ёфт.
Вазири энергетика сабаби "лимит"-и барқ дар Тоҷикистонро гуфт
Як интизоре, ки аз ин иқдом меравад, коҳиши мушкили бебарқӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба бовари мутахассисон, бояд кишварҳои минтақа камбуди барқи худро аз ҳисоби барқи ҳамдигар ҷуброн кунанд. Оё Тоҷикистон, ки умдатан дар фасли зимистон бо мушкили бебарқӣ дучор меояд, метавонад ба ҳамсояҳои худ умед бандад?
Раҷабалӣ Ҳалимов, муовини раиси ширкати “Шабакаҳои интиқоли барқ”, дар посух ба ин суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо пайвастани Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ шароити рафъи камбуди барқ фароҳам шудааст, чун акнун низоми энергетикии кишварҳо ба таври паралелӣ кор мекунанд ва метавонанд бидуни мамониат ба якдигар барқ диҳанд.
“Аммо ин бастагӣ дорад ба ҳамсояҳои мо – Ӯзбекистону Қазоқистон ва Туркманистон, ки оё дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барқи содиротӣ ва ҳам имкони фурӯхтани он ба Тоҷикистонро хоҳанд дошт ё хайр. Туркманистон ба кори паралелӣ пайваст нашудааст, аммо имкон дорад, ки тариқи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқ диҳад”, - гуфт Раҷабалӣ Ҳалимов.
Вай афзуд, аммо набояд интизор дошт, ки Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба ҳамон ҳадде фаъол ва муассир хоҳад буд, ки дар замони Шӯравӣ буд.
“Ҳоло қисмати ҷанубии Тоҷикистон ба кори паралелӣ пайваст шудааст ва кор дар қисмати шимолӣ – вилояти Суғд идома дорад. Дар он ҷо бояд як хати барқи 500 кВт то соли 2026 сохта шавад. Пас аз он пайвастшавии мо ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ такмил хоҳад шуд”, - гуфт муовини раиси ширкати “Шабакаҳои интиқоли барқ”.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ дар фасли зимистон 600 млн кВт барқ аз Ӯзбекистон гирифта, бар ивази он дар фасли тобистон 900 млн кВт медод. Он замон Тоҷикистон тариқи “ҳалқаи энержӣ” аз Туркманистон 1 то 1,2 миллиард кВт барқ дарёфт мекард.
Аз ҳалли масъалаи қарздорӣ то бунёди “Роғун”: Раҳмон ба бахши энергетика чӣ дастур дод?
Аммо он замон кишварҳо барқро ба якдигар ба нархи ягона ва собите, ки аз сӯи ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин мешуд, мефурӯхтанд ва ҳоло бояд ин нархро дар пайи музокироти дуҷониба таъйин кунанд.
Он гуна ки дида мешавад, ҳалли пурраи мушкили барқро пас аз пайвастшавии Тоҷикистон ба “ҳалқаи энержӣ” - и Осиёи Марказӣ наметавон пешбинӣ кард. Аз ин хотир, коршиносон бар инанд, ки беҳтар аст масъулини ин соҳа такя бар зарфиятҳои дохилӣ кунанд, ки кифоят мекунанд, аммо ба таври аҳсан мудирият намешаванд.
Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик, мегӯяд, зоҳиран зарфиятҳои тавлиди барқ дар кишвар солҳои ахир афзойиш ёфтааст, аммо тақсимоти он, ҳатто дар фасли тобистон, ки тибқи додаҳои расмӣ, тавлидот бештар аз талабот аст, ба таври шойиста ба роҳ монда намешавад.
“Мушкили аслӣ дар тақсим шудани “Барқи тоҷик” ба се ширкати алоҳида аст, ки яке бо тавлид, дигаре интиқол ва сеюми тақсими он машғул аст. Ин тақсимот, ки бо маслиҳати созмонҳои байнулмилалии молиявӣ анҷом шуда, ҳатто ширкати асосӣ – “Тақсимоти барқ” таҳти мудирияти хориҷӣ қарор гирифтааст, шояд барои кишварҳои ғарбӣ муассир бошад, аммо таҷрибаи Қирғизистон нишон дод, ки барои кишварҳои пасошӯравие монанди Тоҷикистон, на фақат аз нигоҳи иқтисодӣ, балки аз нуқтаи назари сиёсӣ низ суд надорад”, - гуфт Раҷаби Мирзо.
Се соли қабл ширкати “Барқи тоҷик” ба се ширкати алоҳида - “Барқи тоҷик”, “Интиқоли барқ” ва “Тақсимоти барқ” тақсим шуд. “Барқи тоҷик” бо тавлид, “Интиқоли барқ” бо интиқол ва “Тақсимоти барқ” ба тақсими барқ машғуланд.
Бозгашти Тоҷикистон ба “ҳалқаи энержӣ”: Аз низоми воҳиди энержӣ чӣ суд?
Раҷаби Мирзо мегӯяд, замоне, ки мавзуъи тақсими “Барқи тоҷик” пеш омад, ҳамкорони хориҷии Тоҷикистон хусусигардонии ояндаи ширкатҳои онро дар назар доштанд, аммо вақт ё се соли фаъолияти онҳо нишон дод, ки дар шароити Тоҷикистон ин интизорӣ бароварда шуданӣ нест.
“Беҳтар аст, ки тамоми низом мутамаркиз бошад ва аз як даст идора шавад ва беҳтартар аст, ки ин ҳақро худи ҳукумат дошта бошад, то аз ин роҳ на фақат масоили иқтисодӣ, балки сиёсиву иҷтимоиро низ солим танзиму мудирият кунад”, - гуфт коршинос.
Тоҷикистон кишварест, ки бузургтарин зарфиятҳои энергетикиро дорад, аммо аз захоири азими манобеъи энержии оби Тоҷикистон, ки 527 миллиард киловатт соат дар сол тахмин зада мешавад, то кунун танҳо 4 то 5 дарсади он истифода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ин кишвар аз нимаи дуввуми солҳои 90-уми асри гузашта ба ин сӯ ба мушкили бебарқӣ печидааст, ки то ба ҳол гиребони онро раҳо намекунад. Ҳама гуна талошҳо, аз ҷумла тақсими “Барқи тоҷик” ба се ширкат муассир воқеъ нашуд. Пайвастан ба Низоми ягона ё “ҳалқаи энержӣ” – и Осиёи Марказӣ низ, ба бовари масъулини “Барқи тоҷик”, ба ҳалли ин мушкил таъсир хоҳад дошт, аммо камтар ва ҳам дертар.