ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон сари эҷоди як “минтақаи содиротӣ” дар марз бо Афғонистон тасмим гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар бозори Афғонистон рӯз ба рӯз рақибони ҷадид барои Тоҷикистон пайдо мешаванд ва ҷояшро танг мекунанд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, 27 майи соли 2024 намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ин мазуъро дар як ҷаласаи муштарак ба баррасӣ гирифта, ба чунин натиҷа расиданд.
“Минтақаи содиротӣ бо назардошти манофеъи миллӣ истифодаи имкониятҳои мавҷудаи истеҳсоливу содирот, афзун гардонидани гардиши мол, ташкили инфрасохтори замонавии интиқоли молу маҳсулот ва ба танзим даровардани хароҷотҳои боркашонӣ эҷод мешавад. Пешниҳод ба ҳукумати Тоҷикистон ироа шудааст”, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Вай афзуд, қарор аст минтақаи содиротӣ як маркази луҷистикии бузурге хоҳад буд, ки дар минтақаи бетараф ё ҳойили гузаргоҳи марзии Панҷи Поён – Шерхон Бандар эҷод хоҳад шуд.
“Таҷрибаҳо нишон доданд, ки вақте маҳсулоти мо ба Афғонистон содирот мешавад, барои убури ҳамагӣ 500 метр роҳ бояд ронандаҳо виза гиранд, хокпулӣ ва дигар намуди пардохтҳо дар Афғонистонро анҷом диҳанд. Дар пайи ин 680 доллар сари ҳар мошин сарфа хоҳад шуд”, - гуфт мавсуф.
Вай дар посух ба суолҳо дар бораи эътирофи расмӣ нашудани ҳукумати ҳозир дар Афғонистон гуфт, эҷоди чунин як марказ ва рушди тиҷорат ба муносиботи расмӣ рабте надорад, зеро тамоми кишварҳои Тоҷикистон дар чунин муомила бо ҳукумати Толибон ҳастанд.
“Ҳеҷ кишвар ҳукумати Толибонро эътирофи расмӣ накардааст, аммо ҳамкориҳои тиҷориашон бо он идома дорад. Бархе ҳатто дар Кобул “Хонаи савдо” ва намояндагии тиҷоратӣ боз кардаанд. Тариқи Афғонистон аз Тоҷикистон ба Покистон ва ҳамин тавр, аз Покистон ба Тоҷикистон интиқоли молу коло сурат мегирад, ки амнияти онро ҷониби Афғонистон то ба ҳол таъмин кардаву мекунад”, - гуфт директори Агентӣ
Қаблан вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш дода буд, ки содироти ангишт дар нимсолаи аввали соли равон ба Афғонистон 17,9 ҳазор тон ва Покистон – 65,7 ҳазор тон кам шуд, зеро арзиши транзитӣ тариқи Афғонистон ба Покистон аз 7$ то 40-55$ доллар боло рафт ва ангишти Тоҷикистон қобилияти рақобатпазирии худро дар бозори Покистон аз даст дод.
Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, далели ба чунин иқдом даст задани ҳукумати ҳозир дар Афғонистон афзудани истихроҷи ангишт дар худи Афғонистон аст.
“Тайи як – ду соли ахир дар ин кишвар 313 кон боз ва истихроҷи ангишт аз онҳо ба роҳ монда шудааст. Бино ба маълумоти мо, Афғонистон қариб пурра ангишти худро ба Покистон содир мекунад. Аммо содироти мо ба шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ҳанӯз идома дорад”, - гуфт Сироҷиддинзода.
Ба ҷуз ангишт, Афғонистон қаблан бозори умдаи сементи Тоҷикистон низ буд, аммо ҳоло дар ин бозор низ мавқеъияти қаблиашро аз даст медиҳад.
Бино ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, тайи ним соли гузашта дар ин кишвар 1,9 млн тон семент тавлид ёфта, аз ин 310,9 ҳазор тон, аз ҷумла ба Ӯзбекистон(145,5 ҳазор тон) ва Афғонистон (165,4 ҳазор тон) содир шудааст.
Аммо, бино ба иттилои ин вазорат, дар семоҳаи дуюми соли равон Афғонистон фақат 20 ҳазор тон семент ба маблағи 15,7 миллион сомонӣ (ҳудуди 1,5 миллион доллар) харидорӣ кардааст, ки сабаби аслии он дар ин бозор пайдо шудани сементи Ӯзбекистон аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Агентии содирот, тайи нимсолаи аввали соли равон содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба Афғонистон ба 82 ҳазору 719 доллар расидааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 (22 ҳазору 701 доллар) 85% афзудааст.
Аз рӯи ҳаҷм Афғонистон аз Тоҷикистон 624,9 тон меваи хушту тар ва сабзавот ворид кардааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта (127,3 тон) 390,9% зиёд аст.