Давлат Болтаев сеюмин медали биринҷии олимпиро ба Тоҷикистон меорад

Муштазини шинохта медали сеюми биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар овард. Ҳамакнун ду намояндаи дигари кишвар барои медал рақобат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Муштзани номовари тоҷик Давлат Болтаев медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпиро ба даст овард.
Ӯ шоми 4-уми август дар вазни 92 кило барои расидан ба фина бо варзишкори узбек Лазизбек Муллоҷонов вориди сабқат шуд, аммо бохт.
Маврид ба зикр аст, ки Болтаеви 25-сола дар даври аввали баромадаш намояндаи Гурҷистон Георгий Кушиташвилиро шикаст дод.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ вай Ҷек Марлии ирландиро зад ва бо шикаст аз намояндаи Узбекистон аз идомаи рақобат маҳрум шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ширкати Болтаев дар Бозиҳои олимпӣ мебошад ва ӯ аз аввалинҳое буд, ки роҳхат ба ин мусобиқаро дарёфт карда буд.
Ҳамакнун ҳайати кишвар дар мусобиқа се биринҷӣ дорад, ки дутои онро Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов аз риштаи ҷудо ба даст оварданд.
Инчунин 9 варзишкори дигари кишвар баромадҳои худро бе натиҷа анҷом доданд.
Хонаю то 20 ҳазор доллар: Тоҷикистон ҷоизадорони Бозиҳои олимпиро чигуна қадрдонӣ мекунад?
Ду варзишкори охирини ҳайати кишвар Виктор Рассадин дар куштии тарзи озод ва Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо рақобатҳояшонро рӯзҳои 9 ва 10 август сар мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки барои ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар Тоҷикистон аллакай мукофотҳо эълон шудааст.
Ҳамин тариқ аз номи раисҷумҳури кишвар барои медали тило 300 ҳазор сомонӣ ва барои нуқраву биринҷӣ муттаносибан 250 ва 200 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Илова бар ин нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 3, 2 ва 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.
Ҳамчунин Кумитаи ҷавонон ва варзиш ахиран эълон кард, ки ғолиби ҷойи аввал бо 20 ҳазор доллар, ғолиби зинаи дуюм бо 15 ҳазор ва ғолиби мақоми сеюм бо 10 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.