"Истиқлол" ҳайташро боз бо ду ҳамлавари аврупоӣ қавӣ кард

Қаҳрамони Тоҷикистон дар равзанаи нави гузаришҳо барои тақвият ба ҳайаташ ҳамлаварону ҳимоятгарон ва дарвозабонро даъват менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе барои баромади шоиста дар мавсими нави футбол ба қавӣ кардани ҳайаташ идома медиҳад.
Ҳамин бо ин мақсад, даста ба сафаш ҳамлавар аз Италия Франческо Марҷиоттаро даъват кардааст.
Мӯҳлати шартномаи ҳамлагар бо тими мо як солро дар бар мегирад. Марҷиотта дар "Истиқлол" зери шумори 9 ба майдон мебарояд, хабар медиҳад дафтари матбуоти даста.
Мавсуф 31 сол дошта, тарбиятдидаи Академи КФ "Ювентус" буда, фаъолияти касбии бозингарии худро дар тими "Каррарезе" оғоз намуда, баъдан дар дастаҳои "Монтса" ва "Кево" бозӣ кардааст.
“Дар нимаи мавсим”: “Кӯктош” фаъолияташро қатъ мекунад?
Ҳамчунин ӯ дар чемпионати Швейтсария дар ҳайати тимҳои "Лозанна" ва "Лютсерн" ҳунарнамоӣ намудааст. Охирин клубе, ки Марҷиотта дар он фаъолият дошт ин "Ботошани" аз Руминия мебошад.
То ин дам бозингар дар 327 бозӣ вориди майдон гардида, дар ҳисоби худ 73 гол ва 51 партофти головар дорад.
Бошгоҳи душанбегӣ ҳамчунин ба ҳайташ ҳамлагари булғорӣ Димитар Митковичи 24-соларо даъват карда, шартномаи яксола бастааст.
Димитар Миткович
Мавсуф қаблан дар дастаҳои "Локомотив"-и София, "Лудогоретс", КМВА 1948 ва "Рубин"-и Қазон баромад карда, то кунун дар корномааш 161 бозӣ, 46 гол дорад ва ҳамакнун дар "Истиқлол" зери рақами 45 баромад мекунад.
Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол, ҳамзамон бо Мэтю Миллар, ки аввалин бозингараш аз Австралия аст, то охири мавсим шартнома бас.
Мэтю 27 сола буда, тарбиятгирандаи КФ "Мелбурн Сити" мебошад. Ҳамчун ҳимоятгари канори рост дар майдон ҳунарнамоӣ менамояд. Ӯ дар дастаҳои "Нюкасл", "Мелбурн Сити" ва "Сентрал Кост" (Австралия) ва "Сент Миррен"-и Шотландия ҳунарнамоӣ намудааст.
Миллар Мэтю
Гуфта мешавад, ки ҳарсе бозигар аллакай ба ҳайати даста пайваста, дар тамриноти аввалин ширкат кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки бошгоҳ чанде пеш бо бозигар мунтахаби ҷавонони кишвар Рустам Хайлоев барои як сол шартнома баста буд.
Ҳайлоев 21 сол дошта, хатмкардаи Академияи футболи дастаи "Зенит" (Санкт-Петербург) буда, дар ҳайати дастаҳои "Зенит-2" ва "Тюмен" ҳунарнамоӣ намудааст.
Моҳи октябри соли 2023 Руслан Ҳайлоев аввалин бозиашро дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон анҷом дод.
Даста инчунин қаблан пас аз рафтани дарвозабонаш Рустам Ятимов, собиқ бозигараш Никола Стошичро дигарбора ба ҷойгузинии вай даъват кард.