КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад

Гурӯҳи махсус бо воситаю тачхизоти зарурии техникӣ таъмин карда мешавад ва наҷотдиҳандагон ба курсҳои омузиши забони англисӣ ҷалб карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 август — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба омӯзиши як воҳиди вижаи наҷотдиҳандагон, ки дар амалиётҳо дар хориҷ аз кишвар иштирок мекунанд, оғоз кардааст.
Дар ин бора Рустам Назарзода, роҳбари КҲФ Тоҷикистон хабар дод.
"Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандагонро барои кор дар хориҷи кишвар омода мекунад. Дар бораи ташкили чунин гурӯҳ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2023 супориш дода буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси Кумита, КҲФ барои ин гурӯҳ аллакай васоили фаннӣ ва таҷҳизоти вижа харидорӣ кардааст ва барои аъзои ин гурӯҳ курсҳои омӯзиши забони англисӣ низ ташкил карда шудааст.
“Ҳарчанд наҷотдиҳандагони Кумита барои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ васоити кофии фаннӣ доранд, аммо ба таҷҳизоти муосир ниёз дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло таҷҳизот дар ҳама ҷо дар ҳоли рушд аст ва КҲФ Тоҷикистон намехоҳад, ки аз дастовардҳои имрӯз дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ақиб монад.
КҲФ аз гармои шадид, тӯфони чангу ғубор ва сел ҳушдор дод.
"Ҳоло мо ба харидории таҷҳизоти вижа шурӯъ кардем, ки наҷотдиҳандагон надоштанд", - афзуд Назарзода.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аллакай дар амалиёти наҷоти байналмилалӣ таҷриба дорад, масалан, 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як рӯз пас аз заминларзаи аввалини харобиовар дар Туркия, ки 20 феврали соли 2023 сурат гирифт, сафар карданд.
Дар давоми як моҳи кор дар ду вилояти Туркия онҳо се нафарро наҷот дода, ҷасади 204 нафарро аз зери харобиҳо берун оварданд.