"ТАЛКО" аз афзоиши 25 дарсадии истеҳсоли алюминий хабар дод

Дар ним соли равон ширкат аз содироти алюминий беш аз 80 миллион доллар фоида ба даст овардааст, гуфт роҳбари Шӯрои мудирони корхонаи “ТАЛКО”
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) тасмим дорад ҳаҷми истеҳсоли алюминиумро афзоиш диҳад.
Дар ин бора Наҷибулло Раҷабзода, раҳбари Шӯрои мудирони “ТАЛКО” зимни нишасти матбуотӣ дар вазорати саноат хабар дод.
Вай афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон корхона беш аз 40,4 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи солона 24,7% зиёдтар будааст.
Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол истеҳсоли маҳсулот 30% зиёд карда мешавад.

"Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 40,4 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазор тонна бештар аст. То охири сол корхона тасмим гирифтааст, истеҳсоли маҳсулотро 30% афзоиш диҳад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, алюминий дар нимсолаи аввал беш аз 35 ҳазор тонна, ки беш аз 80 миллион долларро ташкил медиҳад, содирот шудааст.
Қасди ТАЛКО барои ҳазорҳо тон афзоиш додани истеҳсоли алюминий
Ба гуфтаи Раҷабзода, ТАЛКО ашёи хоми аслии тавлиди алюминий - гилхокро аз корхонаи нефту кимиёи Павлодари Қазоқистон, кокс аз Павлодар ва корхонаи коркарди нафти Фарғонаи Узбакистон дарёфт мекунад.
Вай тавзеҳ дод, ки феълан беш аз 20% алюминий дар дохили кишвар коркард мешавад.
"Мо флюорити худро дорем, онро дар комбинати маъдантозакунии Такобск истихроч мекунанд, криолит ва антратсииди худро низ дорем”, — гуфт ӯ.
Ҳоло дар корхона дар шаҳри Турсунзода 225 адад электролизер кор мекунад, ки то охири соли ҷорӣ 37 адади дигар васл карда мешавад.
Корхонаи алюминии точик яке аз корхонахои пуриктидори саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Маҳсулоти асосии он алюминий мебошад.
Хар сол кариб 98% махсулот ба хориҷа содирот мешавад.