ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки дар Пориси Фаронса мегузарад, рақиби ирландӣ Ҷек Марлейи 21-сола худро шикаст дода, ба нимфинал баромад.
Давлат Болтаев дар ин сабқат, ки хеле бошиддат доир шуд, ба Ҷек Марли — варзишгари ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 ғалаба намуд.
Муштзани шинохтаи тоҷик Давлат Болтаев дар даври нимниҳоӣ барои баромадан ба финал бо варзишгари узбекистонӣ вориди ринг мешавад.
Бояд гуфт, ҳарду муштзан – Болтаев ва Муллоҷонов, ки барои худ медали биринҷиро таъмин карданд, муборизаро барои медалҳои тиллою нуқра идома медиҳанд.
Ба ин тартиб, дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло ду нафар – Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев – аз Порис бо медал бармегарданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Порис — 2024 аз 10 то 20 ҳазор доллар мукофотпулӣ медиҳад.
Ғолиби ҷойи аввал бо 20 ҳазор доллар, ғолиби зинаи дуюм бо 15 ҳазор ва ғолиби мақоми сеюм бо 10 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешаванд.
Ҳамчунин дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.