Шералӣ Кабир: Тоҷикистон мошинҳои барқии сохти худашро тавлид хоҳад кард

Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нав Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи мошинҳои барқиро афзоиш ва истеҳсоли онро дар дохили кишвар ба роҳ монад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тоҷикистон тасмим дорад, тавлиди мошинҳои барқии сохти худро ба роҳ монад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир.
"Тоҷикистон мехоҳад дар ояндаи наздик истеҳсоли мошинҳои барқии худро ба роҳ монад, ҳоло бо се ширкати чинӣ дар бораи интиқоли технология гуфтушунид идома дорад", - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамасола барои воридоти маводи сӯхт беш аз 1,5 миллиард доллар сарф мекунад.
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
"Мо захираҳои об дорем, иқтидори бузурги энергетикӣ дорем, литийи худро дорем, бинобар ин мо бояд ба мошинҳои барқӣ гузарем", - таъкид кард Кабир.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, дар моҳи декабри соли ҷорӣ бояд дар заминаи кони литий дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як корхонаи истихроҷи маъдан ва коркард оғоз шавад.