ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ин вазъ норизоиятиҳои зиёдеро дар миёни муштариён ба вуҷуд оварда буд.
Ҷамшед Воҳидзода, сардори Раёсати танзим дар соҳаи энергетика ва алоқаи барқии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйирот ба арзиши тарофаҳои хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва нархномаи хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ бар асоси пешниҳоди худи ширкатҳои мобилӣ сурат гирифт.
“Ширкатҳо як қатор авомилро пеш оварданд, ки тайи солҳои ахир муҷиби бороравии хадамоти дигар шуданд ва онҳоро водор сохт, ки ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат кунанд. Мо пешниҳодҳои онҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, иҷоза додем, ки онро дар арзиши таруфаҳои худ тағйир ворид кунанд”, - гуфт Ҷамшед Воҳидзода.
Ба ҳамин минвол, далели нахуст қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022 “Дар бораи таруфаҳои нерӯи барқ ва гармӣ” аст, ки бино ба он, таруфаи истифодаи нерӯи барқ ба андозаи аз 10 то 17 фоиз ва ҳам қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 аст, ки бино ба он, барои ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагони нерӯи барқ ба андозаи 16% баланд бардошта шуд.
Дуввум, баланд шудани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст, ки дар соли 2023 аз 65 ба 68 ва дар соли 2024 аз 68 ба 72 сомонӣ афзуд.
Севвум, тарофаи истифодаи оби нӯшокӣ ва обу корез, ба истиснои шаҳри Душанбе аст, ки аз 1 феврали соли 2024 ба андозаи 20% дар қиёс бо нархномаи амалкунанда боло рафт.
Чорум, тарофаи хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла кашондани партов ва хизматрасонии фонди манзил дар шаҳри Душанбе аст, ки дар 3 соли охир ба андозаи 10% баланд бардошта шуд.
Ба қавли Ҷамшед Воҳидзода, ҳарчанд таруфаи нерӯи барқ ва маводи сӯзишвории дизелӣ барои пойгоҳҳои базавии ширкатҳои мобилӣ дар соли 2023 баланд шуд, тарофаҳои хизматрасонии онҳо бетағйир гузошта шуда буд ва далели ҷиддӣ барои боло бурдани онҳо вуҷуд надошт.
“Ҳол бубинед, дар маҷмуъ аз соли 2020 то 2024 таруфаҳои нерӯи барқ 33%, хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 20%, кашондани партову хизматрасонии фонди манзил дар шаҳри Душанбе 10%, нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо 24,13%, сатҳи таваррум 25,4%, беқурбшавии қурби асъори миллӣ 13% афзуд, ки ба фаъолияти муназзами ширкатҳо ва сармоягузориҳо ҷиҳати азнавсозии базаҳои техникӣ таъсири манфӣ мерасонд”, - гуфт сардори Раёсати танзим дар соҳаи энергетика ва алоқаи барқии Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Вай афзуд, ба болои ин хароҷоти худи ширкатҳо бо назардошти пеш омадани авомили дигар боло рафт, аз ҷумла шуруъ аз 1 январи соли 2024 маблағи иҷораи макон ва ҷойҳои истеҳсолӣ барои истгоҳҳои базавӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзуд.
“Яке дигар иҷрои фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ буд, ки бино ба он, ширкатҳои мобилӣ бояд зарфиятҳои техникии худро афзойиш диҳанд ва барои насб намудани базаҳо ва беҳтар намудани хизматрасонии интернетӣ дар шаҳру ноҳияҳо таҷҳизотҳои зарурӣ харидорӣ кунанд”, - гуфт сардори Раёсати танзим дар соҳаи энергетика ва алоқаи барқии Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Вай афзуд, аз сӯи дигар, арзиши дастгоҳҳои алоқаи барқӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, ки бевосита барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва арзиши он мусоидат менамояд, боло рафт, ки бидуни баҳс, ба арзиши хизматрасонии алоқаи барқӣ таъсири худро расонд.
“Аз ин хотир, бо ироаи тамоми авомили фавқуззикр охирҳои соли 2023 ширкатҳои мобилӣ бо мақсади мувофиқа кардани таруфаҳои ҷадиди хизматрасонии алоқаи барқӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намуданд. Онҳо бастаи таруфаҳои хизматрасонии алоқаи мобилиро нисбати нархномаи амалкунанда ба андозаи аз 19 то 21% баланд намуда буданд”, - гуфт Ҷамшед Воҳидзода.
Ба қавли ӯ, мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ таруфаҳои хизматрасонии пешниҳодгардидаро дар асоси хароҷотҳои воқеӣ таҳлил карда, ба ин натитҷа расиданд, ки бастаҳои таруфаҳои хизматрасонӣ аз 7 то 12% нисбати нархномаи амалкунанда баланд карда шуда, аз 1 феврали соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.
Боло рафтани арзиши таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ эътирозҳои муштариёни онҳоро дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард, аммо Ҷамшед Воҳидзода мегӯяд, ҳарчанд нархи таруфаҳо боло рафт, аммо дар трафикҳои хизматрасонӣ тағйири мусбат омад.
“Аз ҷумла дар зангҳои содиротӣ ба дохили шабака, ба дигар ширкатҳои мобилӣ, собит (статсионарӣ) операторони байнулмилалӣ, Интернет, СМС-ҳои дохиливу байнулмилалӣ коҳишёбии арзиши онҳо ба мушоҳида мерасад. Масалан, агар қаблан 500 мегабайт пешбинӣ мешуд дар баста, акнун 1000 то 1500 мегабайт, ё 10 смс ба 50 смс зиёд карда шуда буд, ҳамин тавр, дар мавриди дақиқаҳо”, - гуфт сардори Раёсати танзим дар соҳаи энергетика ва алоқаи барқии Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Дар ҳамин ҳол, ин масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ интиқодҳо аз заъфи алоқаи барқӣ дар кишварро як мушкили ҷиддӣ, аммо қобили ҳал ҳисобида, гуфт, дар пайи тақвияти пойгоҳҳои базавии ширкатҳои мобилӣ дар саросари кишвар метавон ба он хотима дод.