ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Минбаъ сокинони шаҳри Хуҷанд муваззаф мешаванд, ки барои истифодаи як куб (1 мукааб) оби нушокӣ 1,66 сомонӣ пардохт кунанд.
Нархномаи нав шурӯъ аз 1 август амал хоҳад кард.
Тағйирёбии нархи хизматрасонии обрасониро директори генералии КВД “Хуҷандобуканал”, Хайрулло Бобоев ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
“Тибқи нархномаи нав 1мукааб об, барои аҳолӣ – 1,66 сомонӣ, барои ташкилотҳои буҷҷетӣ – 2,82 сомонӣ ва барои ташкилотҳои ҳисоби буҷҷетӣ – 8,86 сомонӣ муқаррар шудааст” – гуфт, Бобоев.
То ин замон қимати оби нӯшокӣ дар Хуҷанд барои аҳолӣ 1, 44 сомонӣ ва ҳаққи зизматрасонии партов 0, 96 сомонӣ буд. Нархномаи нав 15 % баланд аз нархҳои қаблӣ гуфта мешавад
Бино ба иттилоъи директори “Хуҷандобуканал” дар радифи тағйирёбии нархи таъминоти об, инчунин ҳаққи хизматрасонии рафъи партов (ташноб) низ баланд шудааст.
Мутобиқи нархномаи нав, ҳаққи хизматрасонии як метри мукааб 1 м3 рафъи партов (канализатсия)
барои аҳолӣ – 1,10 сомонӣ
барои ташкилотҳои буҷҷетӣ – 1,66 сомонӣ
барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ – 2,35 сомонӣ тасдиқ шудааст.
Давоми як соли охир ин бори дувум аст, ки нархи хизматрасонии таъминоти оби нушокӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд боло бурда мешавад.
Моҳи майи соли 2023 нархи оби нушокӣ ва хизматрасонии партов 20 % баланд бардошта шуда буд. Он вақт нархи ҳар куб об барои аҳолӣ 1,44 сомонӣ ва ҳаққи хизматрасонии партов 0, 96 сомонӣ буд.
Нархномаи нав, ки қарор аст аз пагоҳ 1 август ҷорӣ шавад 15% баланд аз нархҳои қаблӣ гуфта мешавад
Дар Идораи “Хуҷандобуканал” сабаби боло бурдани нархҳоро ба баландшавии арзиши сӯзишворӣ ва нархи қувваи барқ шарҳ медиҳанд.
КВД "Хуҷандобуканал" аҳолии шаҳри Хуҷанд ва қисме аз аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо оби нушокӣ таъмин мекунад. Оби нушокӣ асосан тавассути чоҳҳои амудӣ ба ҳавзҳо кашида шуда ва сипас тавассути муҳаррикҳо ба маҳаллаҳои шаҳр тақсим карда мешавад.
Вақҳтҳои охир сокинони биноҳои ошёнадор дар Хуҷанд аз мушкили огоҳу ноогоҳона қатъ шудани обрасонӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Масъулони идораи об инро ба сар задани садамаҳо рабт медиҳанд.
Дар ҳолест, ки то ин вақт чандин лоиҳаи беҳтаргардони вазъи оби нушокӣ аз ҳисоби масрафи маблағҳои зиёди грантӣ рӯи даст гирифта шудааст.