ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар саросари кишвар, ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Низом Мирзозода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 19% камтар мебошад.
Ба гуфтаи вай, дар нимсолаи аввали соли 2024 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 9,5 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,7 фоизро ташкил намуд.
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо Нақшаи генералӣ таьмин мебошанд.
Дар ин раванд, тасҳеҳи накшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Левакант ва ноҳияи Вахш, ки муҳлати амалашон гузаштааст, аз ҷониби ЧСК "Шаҳрофар" пурра ба анҷом расида, пас аз баррасӣ дар Шурои шаҳрсозӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, ҳоло дар мувофика бо мақомоти дахлдор қарор дорад.