ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон, дар доираи "Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2025" дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 1714 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, аз 251 корхонаи мавриди истифода қарордодашуда, ба шаҳри Душанбе 62, вилояти Хатлон 40, Суғд 91, шаҳру ноҳияҳҳои тобеи ҷумҳурӣ 39 ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 адад корхона рост меояд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 раванди таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилоятҳои Суғд 113,1%, Хатлон 110% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,4% таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Шералӣ Кабир гуфта буд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 729 корхонаи нав ба кор шуруъ карда, дар ин миён 426 корхонаи саноатӣ нишондоди сифрӣ пешниҳод намудаанд.
Бино ба маълумоти вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя теъдоди корхонаҳое, ки аз Шӯравӣ боқӣ монда, ба муддати тӯлонӣ кор намекунанд, 124 адад аст, ки 3,6% дарсадро ташкил мекунад. Ин рақам дар Озарбойҷон – 4,5%, Қирғизистон – 6,7% ва Ӯзбекистон – 4% аст.