ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия навори нобудсозии системаи мушакандози чандгонаи сохти амрикоии M270A1 MLRS ва то 15 низомии украиниро дар наздикии деҳаи Новотроитское нашр кард.
"Артиши Русия ба мавқеъи мушакандози чандгонаи сохти амрикоӣ дар минтақаи аҳолинишини Новотроицкое бо мушакии “Искандар” зарба зад. Дар натича системи амрикоӣ ва як мошини ҳамроҳ ва то 15 ҷангҷӯи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд”, - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин ҷангандаҳои бомбандози Су-34 ба мувқеъи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳамла карданд.
Зарба бо бомбҳои ФАБ-500 бо модули универсалии худпарвози ҳушманд анҷом дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи ҳамла даҳҳо сарбози украинӣ кушта ва захмӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро идома медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.