Тарҳи ду: Эмомалии Нуралӣ низ аз идомаи рақобатҳо дар Олимпиадаи Париж маҳрум шуд

Ӯ дуввумин варзишкори ҳайати кишвар аст, ки бидуни натиҷа баромадҳояшонро хотима медиҳад. Ҳамакнун 12 тани дигар дар сабқатҳо ширкат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Эмомалии Нуралӣ аз идомаи мубориза дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж даст кашид.
Пас аз шикаст аз ҳарифи ҷопонияш ӯ мебоист, ки дар даври тасаллобахш қувваозмоӣ кунад, аммо ба иллат ҷароҳат бардоштани дасташ ширкат карда наметавонад.
Номбурда имрӯз вориди сабқатҳо шуда, дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм намояндаи Исроил Баруч Шмаилови 29-соларо шикаст дода, даври чаҳорякниҳоӣ баромад.
Аммо варзишкори 22-солаи тоҷик дар чорякфинал аз қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи 26-солаи ҷопонӣ мағлуб шуду осеб бардошт.
Дар зинаи тасаллобахш мебоист ӯ бо Бунчич Страҳинҷаи сербистонӣ рақобат мекард, ки нашуд.
Ӯ дуввумин варзишкори ҳайати 14-нафараи кишвар аст, ки бидуни натиҷа баромадҳояшонро хотима медиҳад.
Париж-2024: Баҳодур Усмонов нахустин рақобаташро бохту аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
Дар рӯзи аввал Баҳодур Усмонов дар аввалин набард шикаст хӯрд. Ҳарифи ӯ Радослав Симеонов Росенови булғорӣ буд, ки бо ҳисоби 5:0 пирӯз гардид.
Ҳамакнун шоми имрӯз муштзани дигари кишвар Давлат Болтаев вориди сабқат мешавад.
Ӯ дар вазни то 92 кило бо Георгий Кушиташвилии гурҷӣ қувва меозмояд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.
Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.
Қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо варзишгарон гуфт, ҳар намояндаи кишвар, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамзамон ҷоизадоронро туҳфаҳои пулӣ низ интизор аст.