Париж-2024: Баҳодур Усмонов нахустин рақобаташро бохту аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Усмонов маротибаи дуюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад, аммо инбор ҳам чун Бозиҳои олимпии Токио натавонист нишоне ба даст орад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Баромади ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпиии Париж бо нокомӣ оғоз шуд.
Ҳамин тариқ муштзани шинохтаи кишвар Баҳодур Усмонов аввалин шуда аз ҳайати кишвар вориди сабқат гардид, аммо дучори нокомӣ шуд.
Ҳарифи ӯ Радослав Росенов аз Булғористон буд, бо ҳисоби 0:5 пирӯзӣ ба даст овард.
Барои Усмонов маротибаи дуюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад. Вай иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд, аммо мутаассифона натавонист нишоне ба даст орад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқот бошад, кишварро аз риштаи бокс Давлат Болтаев муаррифӣ хоҳад кард.
Дар риштаи ҷудо бошад, Эмомалӣ Нуралӣ Тоҷикистонро дар Бозиҳои Олимпӣ муаррифӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.
Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони муваффақ дар бозиҳои олимпӣ хона ваъда кард
Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.
Қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо варзишгарон гуфт, ҳар намояндаи кишвар, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамзамон ҷоизадоронро туҳфаҳои пулӣ низ интизор аст.