Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Аҳмадзода аз эҳтимоли боз шудани марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфт

Барои муайянсозии боқиманда хати сарҳад, рӯзҳои наздик баргузории ҷаласаи кори комиссияи байниҳукуматӣ дар назар дошта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш дар бораи чӣ вақт боз шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори назар кард
Ба гуфтаи вай, комиссияи байнидавлатии ҷонибҳо то ин дам 94%-и хатти сарҳадро муаян кардан.
Баъди пурра муайян шудани хатҳои марз, санади тасдиқкунандаи он ба имзо расонида шуда ба ин тартиб сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон боз хоҳад шуд, изҳор намуд, манбаъ.
Барои муайянсозии боқиманда хати сарҳад, рӯзҳои наздик баргузории ҷаласаи кори комиссияи байниҳукуматӣ дар назар дошта шудааст.
Аз истифодаи об то пешгирии муноқишаҳо: Мулоқоти раисони Исфараву Бодканд дар марз
Раиси вилоят изҳори умедворӣ кард, ки баъди ба итмом расидани кори комиссияи муштараки муайянсозии сарҳад, дар фазои пур аз фараҳу шодӣ санадҳо ба имзо расонида мешаванд ва марзҳо боз мешаванд.
Номуайянии марз то ин дам борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳо байни сокинону марзбонони ду кишвар шудааст.
Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2021 марзи Тоҷикистону Қирғизистон баста аст. Сабаби масдудшавии марз рухдоди муноқишаи мусаллаҳои марзӣ аст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки бештари он дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Ботканд мавҷуд аст.