Вазорати нақлиёт аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ хабар дод

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми гардиши мусофирбарӣ ва боркашонӣ дар мамлакат иттилоъ медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 61 млн тонна бор ва 483,1 миллион мусофир интиқол дода шудааст.
Ба иттилои вазир, ҳаҷми боркашонӣ 13,8%, гардиши бор 12,5%, мусофирбарӣ 9% ва гардиши мусофирон 18,1% зиёд гардидааст.
Ҳамчунин вазири нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки дар ин давра тавассути нақлиёти автомобилӣ 57,2 млн тонна (114,6%), нақлиёти роҳи оҳан 3,2 млн тонна (100,7%) ва нақлиёти ҳавоӣ 0,6 млн тонна (110,9%) бор интиқол дода шудааст.
Вазири нақлиёт гуфт Тоҷикистон ба соҳаи нақлиёт дар тӯли 30 сол чӣ қадар пул сарф кардааст
Азим Иброҳим дар нишасти матбуотӣ таъкид кардааст, ки дар шаш моҳи соли равон таввасути нақлиёти автомобилӣ 469,8 млн мусофир (9%), нақлиёти барқӣ 12,6 млн мусофир (8,4%), нақлиёти роҳи оҳан 214,1 ҳазор мусофир (0,6%) ва бо нақлиёти ҳавоӣ 0,5 млн мусофир (33,4%) интиқол дода шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҳиссаи нақлиёт ба истиснои нақлиёти ҳавоӣ, дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3764,5 миллион сомонӣ ё ин, ки 113,9 фоизро ташкил дода, саҳми соҳа ба 6,1 фоиз (6,1 фоиз январ-июни соли 2023) расонида шуд, ки суръати рушд нисбати соли гузашта дар сатҳи 6,1 фоиз устувор нигоҳ дошта шудааст.