Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳҳо бозпас гардонд

Сабаби бозпас гардондани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз фурӯдгоҳҳои Русия дар дуруст набудани ҳуҷҷат ва бе даъватнома рафтани онҳо будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали соли равон 3400 муҳоҷир аз фурӯдгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Дар ин бора мудири Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон, Ҳабибулло Назарзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби баргардондан ва депорти муҳоҷирон комил набудани ҳуҷҷатҳояшон барои кору зиндагӣ дар Русия мебошад.
Назарзода таъкид намуд, ки авҷи депорту баргардондани муҳоҷирон ба як моҳи баъди ҳаводиси "Крокус" рост омада, феълан вазъ ба реҷаи муқаррарӣ баргаштаст. Онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон мушкил надоранд, бе монеъа сафар мекунанд, афзуд ӯ.
Наздик ба 140 муҳоҷири тоҷик дар “Сахарово” мунтазири ихроҷанд
Ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон хабар доданд, ки хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36% коҳиш ёфтааст.
“Дар нимсолаи аввали соли 2024 Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ҳамагӣ ба 1 млну 667 ҳазору 900 мусофир хизмат расонидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 ҳазору 800 нафар ë 36 фоиз кам мебошад”, - қайд кард зимни нишасти матбуотӣ масъулони ин ниҳод.
Ҳамзамон теъдоди хатсайрҳо бошад дар нимсолаи якуми соли равон ба 5 ҳазору 787 хатсайр анҷом дода шуд, ки нисбат ба нимсолаи соли гузашта 238 хатсайр ва ë 2,3 фоиз кам мебошад.
Масъулин қайд кардаанд, ки сабаби кам гардидани нишондодҳои корӣ дар ин давра ин ба омилҳои ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар қонунгузории Русия дар муносибат бо муҳоҷирони корӣ рабт дорад.