ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Раҳбари Тоҷикистон зимни суҳбати телефониаш бо президенти Ӯзбекистон ӯро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар татбиқи ҳадафҳо ва нақшаҳои муайянкардааш барои рушду пешрафти Узбекистони комёбиҳои нав орзу намудааст. Сарони Тоҷикистону Узбекистон зимни мулоқот дар бораи суръати баланди рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Узбекистонро таъкид карданд.
“Дар ин зимн натиҷаҳои босамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон таъкид гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон дар баробари ин муҳимияти татбиқи амалии маҷмӯи мувофиқаҳои дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Душанбе бадастомада ҳамчун омили пешбурди пайгиронаи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди таъкид қарор гирифт.
Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин дар бораи аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар бахши тухмипарвариро, таъкид намуданд.
Зимни мулоқот роҳбарони ду кишвар дар атрофи маъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.