ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Ин нукта дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд садо дод.
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд дар посух ба суоли рӯзноманигорон сабаби вазъи пешомадаро шарҳ дод.
Бино ба гуфти манбаъ, як сабаби фаъолияти камранги ин теъдод коргоҳҳои хурду миёна аз куҳнашавии технологияҳо будааст.
“Ин шумор корхонаҳо бинобар куҳнашавии технологияҳо дар шароити рақобатпазирӣ тобовар шуда натавонистаанд” – гуфт, Шарифзода.
Бар пояи иттилоъи раиси шаҳр, ҳоло дар Хуҷанд 12 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз мондаанд, ки ба гуфтаи масъулини ҳукумат сабаби ин вазъ мушкили дарёфти ашёи хом ва бе харидор мондани моли тавлидшуда аст.
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд изҳор намуданд, ки дар натиҷаи гуфтушунид бо моликон ин корхонаҳо дубора барқарор карда мешавад. Эҳтимол дар чунин вазъи пешомада ин коргоҳҳо самти фаъолияти худро дигар кунанд.
Бо вуҷуди мушкили мавҷуда, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ коргоҳҳои мавҷудаи шаҳри Хуҷанд ба маблағи 715, 9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Зимнан шумори корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи саноатӣ ба 298 адад расидааст.