Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зарбаи "Искандар-М" мусташорони низомии ғарбиро дар наздикии Харков нобуд кард –видео

Вазорати дифои Русия видео зарбаи мушакӣ ба мавқеъи мусташорони низомии ғарбӣ, ки дар наздикии минтақаи Харков воқеъ буд, нашр кард
Sputnik
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши ин кишвар ба як мавқеъи муваққатии мусташорон низомӣ ва зархаридон аз кишварҳои Ғарб дар вилояти Харков ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд.
"Дар натичаи партоби мушаки “Искандар” 50 нафар мусташори низомии хориҷӣ кушта шуданд", — таъкид кардааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ мавқеъи мувақатии артиши Украина дар дехаи Деркачӣ воқеъ будааст.
Ҷангҷӯёни хориҷӣ дар амалиёти ҷангӣ дар тарафи артиши Украина фаъолона иштирок мекунанд, дар ҳоле ки ВАО пайваста дар бораи талафоти калон дар сафи зархаридони хориҷӣ маълумот мегиранд.
Артиши Русия як тӯпи худгарди M109 “Паладин”-ро дар вилояти Херсон нобуд кард - видео
Вазорати дифои Русия алакай дар бораи нобуд кардани зархаридон аз ИМА, Бритониё, Гурҷистон ва дигар кишварҳо хабар дода буд.
Вазорат инчунин борҳо шаҳрвандони хориҷиро аз сафар ба Украина ҳушдор додааст ва таъкид кардааст, ки зархаридон тибқи қонунҳои байналмиллалии ҳамчун ҷанговар тасниф карда намешаванд ва ҳаққи гирифтани мақоми асири ҷангиро надоранд.
Бозгашти 95 сарбози рус аз асорат
Ба гуфтаи ин вазорат, дар ҷараёни амалиёти вижа беш аз 13 ҳазор зархариди хориҷӣ барои ширкат дар набардҳо дар тарафи режими Киев ба Украина омадаанд. Дар ин муддат кариб шаш ҳазори онҳо кушта шудааст.