Бобозода мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русияро ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” рабт дод

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ яке аз сабабҳои ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав рабт дод, ки он аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифт.
Вай ҳамчунин ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ҳамчунин ба тағйирот дар қонунгузории Русия низ рабт дорад.
“Талаботи нави қонунгузории ин кишвар низ боиси ихроҷи на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад”, - гуфт ӯ.
Оқои Бобозода қайд кард, ки дар шаш моҳи ахир муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия аз сӯи мақомоти интизомии ин кишвар мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ рӯ ба рӯ нашудаанд.
Матвиенко аз кор сари қонунгузории муҳоҷират гуфт: Русия бе муҳоҷирон феълан наметавонад
Вай илова кард, ки дар соли гузашта 4-5 ҳолати шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба қайд гирифта шуда буд.
“Корҳо барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон идома доранд. Мо бо муҳоҷирон дар мавриди ихроҷ ва дигар мушкилот гуфтугӯҳо анҷом медиҳем ва ҳамчунин дар чорабиниҳои мухталифе, ки дар Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем”, - гуфт ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳоли ҳозир дар фурудгоҳҳои Русия ва ҳам гузаргоҳҳои заминии ин кишвар садҳо муҳоҷири корӣ дармондаанд.