Вазир Ибодулло Машрабовро барои бадгӯиаш насиҳат карду сарзаниш не

Бархурди Ибодулло Машрабов бо духтарони ҳунарпеша дар ҳузури вазири фарҳанги Тоҷикистон баррасӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки "ин мавзуъ дар назди худи эшон аз тарафаи вазири фарҳанг муҳокима шуда буд, аммо сарзанише эълон накардем".
"Аз тарафи вазири фарҳанг ва он кормандоне, ки буд, ба устод мо иттилоъ додем, ки дар вақти машқҳо муошират, муомила бояд, ки як чорчӯбаи худро дошта бошад. Чӣ ҳодиса рӯй дода буд, ман набудам, баъзан вақт ҳунарманд ба эҳсосот дода мешавад, ҳунарманд, ки худаш эҳсосотӣ аст, шояд ҳамон вақту соате буд, ки он кас худашонро дошта натавонистанд. Ин муаммо аст, аммо мо ҳам ҳаракат мекунем, ки он этика ва эстетикае, ки роҳбар ё роҳбарикунанда дорад, бояд меъёр дошта бошад",-гуфт Назариён.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он Ибодулло Машрабов коргардони барномаи “Шоми дӯстӣ” бо нигаронӣ аз дермонӣ ба духтарони ҳунарпешаи ин барнома мегуфт: "Шумо мусулмонед?! Кӣ зоидааст чунин духтари бемаънии падарлаънатро! Кош намезойид!".
Ибодулло Машрабов: беҳтарин нақши офаридаам Искандари Мақдунӣ аст
Ибодулло Машрабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо расонаҳои дохилӣ бархӯрдашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурда буд.
Вай гуфта буд, ки ягон гапи безеб нагуфтааст ва бояд сахтгир бошад.
Навори ҷанҷолӣ аз ҷараёни омодагӣ ба барномаи "Шоми дӯстӣ", ҳангоми сафари раҳбари пешини Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов буд, ки бо вокуниши тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд.
Ибодулло Машрабови дар гузашта муовини вазири фарҳанг ва вакили порлумони Тоҷикистон буд.